Машварати корӣ ва семинари машварати омўзиши бо мудирони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияҳои шаҳри Душанбе
19 июли соли 2024 дар толори маљлисгоњи Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї вобаста ба таъмини иљрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи љорї намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої дар Љумњурии Тољикистон” ва таѓйиру иловањо ба ќарори мазкур тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 23 ноябри соли 2022, №548 «Дар бораи ворид намудани таѓйироту илова ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 14 майи соли 2020, №271” машварати корї ва семинари машварати омўзиши бо мудирони бахшњои њифзи иљтимоии ањолии ноњияњои шањри Душанбе, шањру ноњияњои тобеи љумњурї ва нозир коргузорон дар самти кумакпулии унвонии иљтимої гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур, кормандони Маркази тањлилию иттилоотии низоми њифзи иљтимоии ањолї низ иштирок намуда, дар раванди он дар бораи кумакњои якдафъаина, ки ба оилањои камбизоат тибќи Созишномаи байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд аз 30 июни соли 2023 (гранти №Е1600-ТJ) «Оид ба маблаѓгузории «Лоињаи навсозии њифзи иљтимої ва њамгироии иќтисодї» ва “Дастурамал дар бораи таъин ва пардохти кумаки якваќтаи иљтимої ба гуруњњои осебпазири ањолї” ки аз тарафи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст, кори фањмондадињї гузаронида шуда, ќисмати дуюми вохурии мазкур дар шакли машварат, тавсияњо ва саволу љавоб анљом дода шуд.
Агентї тартиби:
- ворид намудани парвандаи инфиродии шаҳрванд;
- таҳия намудани “Огоҳинома дар бораи таъин ва рад”;
- таҳия намудани “Маълумотнома оид ба мақоми оилаи камбизоат”;
- таҳия намудани “Ваколатнома барои гирифтани маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ”;
- таҳия намудани “Маълумотнома барои пардохти кумакпулӣ барои дафн”;
- таҳия намудани руйхат барои гузаронидани эътимоднокӣ (верификатсия);
- ворид намудани маълумот аз натиҷаи гузаронидани эътимоднокӣ (верификатсия) ба барнома;
- ворид намудани аризаи Норизогӣ (Апелляция);
- ворид намудани Санади санҷишӣ (Акты проверок) дар шакли навори видеои таҳия намуда, тариқи электронӣ барои корбарӣ дастраси иштирокчиён намуд.
- Дида шуд: 327
ҚАДРДОНӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХУБУ БОСАМАРИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Ҳамасола рӯзи 25 январ тибқи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, №917 ҳамчун Рӯзи касбии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад.
Бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таърихи 24 январи соли 2023 дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оиди бурду бохтҳо дар фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суханронӣ намуданд. Инчунин оиди дастгириҳо ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарнамоии сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дастгирии ҳамешагии қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ, хусусан маъюбон, ятимони кулл, барҷомондагону бесаробонмондагон ва оилаҳои камбизоат зикр намуданд.
- Дида шуд: 945